Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Дубай бо Раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад ибни Муҳаммад Ал-Ҷарван мулоқот намуд. Дар ин бора Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои мухталиф нақши муассир дорад.
Ба роҳ мондани ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ва созмонҳои гуногуни он борҳо дар вохӯриҳои сатҳи олӣ байни Роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб муҳокима гардида буд.
Ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Шурои ҷаҳонии таҳаммулгароӣ ва сулҳ дар Амороти Муттаҳидаи Араб ба таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, яке аз абзори ҳамкории нав маҳсуб мегарданд.
Ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Шурои ҷаҳонии таҳаммулгароӣ ва сулҳ дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки ин санади муҳим барои тавсеаи ҳамкории тарафайн имконияти фаровонро боз менамояд.
Дар интиҳои мулоқот таъкид гардид, ки муносибати байнипарлумонии Тоҷикистон ва Шурои ҷаҳонии таҳаммулгароӣ ва сулҳ дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи боварибахш рушд менамояд.