«Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ташаккул ва рушди заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба» — зери ин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид. Дар он роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, кишоварзӣ, нақлиёт, Палатаи савдо ва саноат, гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани умумиҷаҳонии намояндагони мардумии Чин, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд, хабар дод Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон.
Иброз гардид, ки имрӯз ба шарофати дурандешии сиёсии раҳбарияти ду давлат ва баррасии ҳамаҷонибаи сабақҳои таърихӣ ҳамкории дуҷониба намуди нав пайдо карда, ба рушди минбаъдаи мусбати равобити Тоҷикистон ва Чин мусоидат намуд. Ин барои инкишофи минбаъдаи ҳамкории барои ҳамдигар фоидабахш заминаи устувор мегузорад.
Тазаккур дода шуд, ки Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тақвият ва густариши равобити дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ин давлат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Эъломия дар бораи Принсипҳои асосии равобити Тоҷикистон ва Чин 9 марти соли 1993 ба имзо расида буд. Ин хуҷҷат ба инкишофи муносибатҳои дуҷониба ба манфиати халқҳои ҳар ду мамлакат заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гузошт.
Дар ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон оид ба ҳамкории судманд байни ду давлат ва нақшаҳои оянда ибрози назар карда шуд.