Имрӯз хайати хабарнигорони расонаҳои Тоҷикистон, ки бо ҳадафи омӯзиш дар Эрон қарор доранд аз хабаргузории «Форс» дидан намуданд. Дар ин бора хабарнигории радиои » Овози тоҷик» Малвинаи Хушқадам аз ҷараёни сафар хабар медиҳад.
Паёми Тирандоз мудири иҷроияи хабаргузории «Форс»зимни суханрониӣ дар мавриди ин расона иброз намуд, ки ин расона ба 5 забон:англисӣ, арабӣ, урду ва форсӣ мавод нашр мекунад ва дар 18 кишвар намояндагӣ дорад. Ҳамчунин 1000 хабарнигор дар ин расона фаъолият мекунад ва рӯзе 2,5 миллион боздидкунанда дорад ва дар як рӯз тақрибан 1000 хабар пахш мекунад. Сафири Тоҷикистон дар Эрон иброз намуд, ки ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо фаъол аст ва танҳо дар ҳавзаи расонаҳо дастовард надоштем ва ҳоло ин ҳавза ҳам дар ҳоли рушд аст.
Дар поёни ин нишаст тарафҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳадяҳое худро ба ҳамдигар тақдим карданд.
Пас аз нишаст хабарнигоронро бо хабаргузории Форс ва бахшҳои он ва кормандони хабаргузории мазкур шинос намуданд.