Ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ҷаласаи сайёри Шуро ва ҷаласаи шонздаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки 19 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад, сафар намуд. Дар ин бора Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Ба ҳайат ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода шомил аст.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо мақсади рушди ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои аъзои ин созмон пайваста баргузор мегардад.