Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини якуми Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад мулоқот кард.
Зимни мулоқот мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, ба хусус обу иқлим, Ҳадафҳои рушди устувор ва вазъи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар робита ба масъалаи обу иқлим, ҷонибҳо хусусан вобаста ба пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 таваҷҷуҳ намуда, омодагии худро ҷиҳати идома додани ҳамкории судманд дар ин самт иброз доштанд.