Субраҳманём Ҷайшанкар, вазири корҳои хориҷии Ҳинд рӯзи душанбе дар дидор бо Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, ҳамтои эронии худ, вазъи Афғонистонро баррасӣ кард. Дар ин бора ОТ дар истинод ба расонаҳои ҳиндӣ гузориш медиҳад.
Зимни як нишасти хабарӣ онҳо ҷонибдории худро ба пойдории муколамаи давомдор оид ба субот ва амнияти Афғонистон изҳор доштанд.
Вазири хориҷаи Ҳинд изҳор дошт, ки бо ҳамтои эронии худ дар бораи Афғонистон гуфтугӯи кӯтоҳе доштааст.
Ҳарду ҷониб ҳамчунин тавсеаи масири транзити Ҳиндустон ба Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тавассути бандари Чобаҳорро баррасӣ карданд.
Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки дар ин дидор, “барои тавсеъаи равобити дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва БРИКС ва ҳамчунин вазъи равобити стратегӣ, пешрафти бандари Чабахор ва аҳамияти роҳи транзити Шимолу Ҷануб” мавриди баррасӣ қарор кирифт.
Дар ин нишасти хабарӣ вазири корҳои хориҷаи Ҳинд ҳамчунин эълом кард, ки давлати Ҳинд тасмим гирифтааст, забони форсиро ба унвони яке аз нӯҳ забони классикии Ҳинд дар стратегияи нави омӯзишӣ ворид кунад.