
Беларус барои узвият ба Созмони ҳамкории Шанхай дархост дод. Дархости мазкур аллакай ба кишварҳои узв ирсол гардида, мумкин аст, дар ҷаласаи имсолаи сарони давлатҳо дар Самарқанд расмиёти шомилшавии Беларус ба узвияти СҲШ оғоз шавад. Дар ин бора дирӯз, 11 июл иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Владимир Норов изҳор дошт.
«Беларус дар бораи узвият дархост дод. Он ба кишварҳои узв ирсол гардид. Агар қарори умумӣ қабул гардад ва фикр мекунам, ки ҳамин тавр ҳам мешавад, дар ҷаласаи сарони давлатҳо дар Самарқанд қарор дар бораи оғози расмиёти шомил гардидани Беларус ба СҲШ қабул мегардад», — гуфт Норов дар мизи мудаввар дар Москва.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 21-уми сарони давлатҳои СҲШ 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад, ки дар он Эрон ҳамчун кишвари нозир ба ин Созмон пазируфта мешавад: намояндагони он меморандумро дар бораи уҳадориҳо ба ҳайси узви ин созмон имзо мекунанд.