Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон дар як суханронии кӯтоҳаш истеъфои худро аз мақоми нахуствазир эълон кард.
Имрӯз Борис Ҷонсон изҳор дошт, ки аз тарки беҳтарин кор дар ҷаҳон ғамгин аст ва аз аъзои ҳизби муҳофизакор хост, ки ҳарчӣ зудтар раҳбари ин ҳизбро интихоб кунанд.
Вай дар суханронии худ аз дастовардҳои ҳукуматаш, аз ҷумла “Брекзит” ёдовар шуд.
Ҷонсон то замони таъин шудани нахуствазири нав дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар вазифаи худ боқӣ мемонад.