
Кумитаи занон дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати дастгирии оилаҳои аз Сурия ва Ироқ баргардонидашуда ва таъмини онҳо бо ҷои кори доимӣ чораҳои муассир меандешад. Дар ин бора Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Бинобар иттилоъи хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Зулайхо Боқиева раиси кумита зикр намуд, ки дар ин муддат ба хотири дастгирии ин оилаҳо 10 адад мошинаҳои дарздузӣ, 10 адад курсӣ ва миз ва 42 бастаи матоъи пахтагин ба онҳо ҳадя карда шуд.
Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки соли гузашта 76 ҳазору 444 ақди никоҳ ва 10 ҳазору 298 ҳолат бекоршавӣбекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаас , ки нисбати соли қаблӣ 3 ҳазору 578 ҳолат камтар мебошад.