Беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Теъдоди умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 21592 ва 62445 нафарро ташкил медиҳад , ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 1,98 ва 1,7 % зиёд мебошад. Ин нуктаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз зимни нишасти хабарӣ зикр намуд. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Зулфия Олимбекзода хабар медиҳад.
Ҳамчунин зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ниҳоди мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода‐ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод ,ки 248 нафар дар самти рушди нерӯи кадрии соҳаи хизматрасонӣ ба кӯдакон аз курсҳои такмили ихтисос дар дохили кишвар ва берун аз он гузаштанд. Аз он ҷумла, 72 нафар мутахассисони соҳаи модару кӯдак ба шарҳои Москва ва Санкт‐Петербурги Федератсияи Россия сафарбар карда шуданд.
Ҳамчунин соли 2023 406 таббиб барои такмили ихтисос ба хориҷи кишвар рафтан , ки нисбат ба соли қабл 90%зиёд мебошад.
Дар ҷараёни нишасти хабарӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, ки соли 2023 аз хориҷи кишвар 119 табиб дар муассисаҳои тиббии кишвар ба кор ҷалб гардиданд.