Дар нимсолаи аввали соли 2023 ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 470 парвандаи аттестатсионӣ ва дисертатсия ворид гардидааст, ки аз он 255 парвандаи аттестатсионӣ ва дисертатсия тасдиқ, 30 парванда рад ва 185 парвандаи дигар дар баррасии шуъбаҳои аттестатсионӣ ва Шӯрои экспертӣ қарор дорад,- гуфт, раиси Комиссия Абдулҳаким Розиқзода зимни нишасти матбуотӣ. Номбурда афзуд, ки то 30 — юми июни соли 2023 дар Шӯроҳои дисертатсионӣ ба 45 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон, Туркия, Федератсияи Русия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ғайра (дар самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ — 29 нафар, самти илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ — 10 нафар ва самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ — 6 нафар) дараҷаи илмӣ дода шудааст.
621 нафар занон дисертатсия ҳимоя кардаанд. Инчунин, ба 376 нафар кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, 1318 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 47 нафар шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ дараҷаи илмӣ дода шудааст. Алҳол дар ҷумҳурӣ 5545 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 877 нафар доктори илм, 4548 нафар номзади илм ва 120 нафари дигар доктори аз рӯи ихтисос мебошанд.
Дилноза Сатториён