Дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми байналмилалии волонтёрони Осиёи Марказӣ ҷараён дорад. Дар Форуми мазкур Тоҷикистонро 15 нафар волонтёрон аз Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» — и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, волонтёрони фаъоли шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи мазкур намояндагӣ доранд. Дар ин бора роҳбари маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» — и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раббонӣ Нурзода ба хабарнигори радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” Дилнозаи Абдумалик аз шаҳри Нур-Султон иттилоъ дод.
Ба зикри Раббонӣ Нурзода, дар форуми мазкур волонтёрон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок дошта, он аз 15 то 19 август идома меёбад.
“Дар ҷараёни баргузории Форуми байналмилалии волонтёрони Осиё Марказӣ мутахассисон (тренерон)-и сатҳи байналмилалӣ вобаста ба рушди фаъолияти волонтёрӣ ва боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба фаъолияти волонтёрӣ сухан гуфтанд. Инчунин барои боз ҳам аз наздик шинос шудани волонтёрони Осиёи марказӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил шуданд”,-зикр дошт Раббонӣ Нурзода.
Чорабинӣ дар доираи татбиқи Барномаи ҳадафҳои рушди устувори СММ баргузор шуда истодааст.