Дар Бонки миллии Тоҷикистон соли 2023 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок ҷамъбаст гардида, 3,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 0,4 дарсад кам мебошад иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс.
Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳадафи ҷалби бештари сармояи хориҷӣ бо чунин ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ба мисли Хазинаи Байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки Авруосиё, Бонки байнидавлатии иттиҳоди дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст.Дар робита ба ин ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар соли 2023 ба низоми бонкии кишвар 2204,6 миллион доллари ИМА қарз сармоягузориҳои мустақим ва ҷомадон ҷалб карда шуданд,ки нисбат ба соли қаблӣ 66, 8 фисад зиёд мебошад .