
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва баргузории машваратҳо байни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ изҳори омодагӣ намуданд.