Корхонаҳои ноҳияи Ёвон «Хуаксин Ғаюр семент» ва ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» ба хориыи мамлакат беш аз 100 тонна семент содирот намудаанд. Дар ин бора раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба таъкиди манбаъ содироти семент ба густариши робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.