Тоҷикистон аз ҳамкории байнидавлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давоми шаш соли охир қаноатманд аст.
Ин нуктаро Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иброз доштанд. Дар вохӯрии мазкур сарвари давлат қайд карданд, ки дар давоми панҷ соли охир гардиши мол дар минтақа беш аз ҳаштод дарсад афзоиш ёфта, аз 10 миллиард доллари амрикоӣ боло рафт. Ба таъкиди сарвари давлат дар сурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда гардиши мол метавонад то 20 млрд доллар баробар шавад.
Самандарзода П.
Овози тоҷик»