27 октябри соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парватиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор доданд.



