Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ҳамоишеро бо номи “Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” баргузор намуд.
Ин ҳамоиш бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва чорабиниҳои Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон ширкат ва доир ба мавзӯи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Шаҳло Акобирова, директори ТҶ “Хома” бобати ҳиссаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикиистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ишора карда, бобати саҳми ТҶ “Хома” дар ин самт ёдовар шуд.
Мавсуф илова кард, ки дар доираи 6 бандаи нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ карда шуд.
Директори ТҶ “Хома” таъкид кард, ки бо сохторҳои давлатӣ ва парлумон дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ҳамкорӣ намуда, барои рӯзноманигорон ва сохторҳои давлатӣ давраҳои омӯзишӣ ташкил гардид. Инчунин барои истеҳсоли босифати маводҳо оид ба ҳуқуқи инсон ба рӯзноманигорону коргардонҳо кумак намуданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳое ба мисли фаъолияти журналистон ва ВАО дар ҳифзи ҳимояи ҳуқуқи инсон, жанру қолабҳои “журналистикаи нав” барои инъикоси масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, сиёсати редаксионии ВАО дар инъкоси масоили ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи инсон аз нигоҳи эҷодӣ мавриди баррасии рӯзноманигорони касбӣ қарор гирифт.