Имрӯз, 28 ноябр дар маҳфили навбатии “Тавозун” мавзӯи “Рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон” баррасӣ гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок карданд.
Дар идома Субҳон Ашӯров, доктори илмҳои иқтисодӣ дар мавзӯи «Шуғли бомаҳсул ҳамчун ҳадафи афзалиятноки стратегӣ барои рушди кишвар» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафи 5-уми афазалиятноки стратегии кишвар ба ҳисоб меравад.
Бустон Аҳмадзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар мавзӯи «Ҷараёни татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул барои солҳои 2023-2027» маърӯза намуда, дар бораи натиҷаву дастовардҳо ва мушкилоти раванди татбиқи барнома ва консепсияҳои шуғли пурмаҳсул дар кишвар маълумот ироа намуд.
Томас Томсон, роҳбари Барномаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо дар бахши таҳсилоти касбӣ-техникӣ, бозомӯзӣ ва шуғл, Рустам Кенҷаев ва Санавбар Хоҷаева, намояндагони ин барнома дар робита ба бозори меҳнати Тоҷикистон, саҳми шарикони рушд дар ин самт суҳбат карданд.
Уктам Ҷумаев, коршиноси ТҶ “Ҳуқуқшиносон” натиҷаи тадқиқотеро муаррифӣ намуд, ки ҳолати кунунии мусоидат ба шуғли пурмаҳсул дар миёни гурӯҳҳои осебпазирро бозгӯ менамояд.
Ӯ гуфт, як қатор санадҳои муҳим қабул шудаанд то шуғли пурмаҳсул рушд дода шавад. Аз ҷумла,
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030;
Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025;
Консепсияи рушди шуғли пурсамари аҳолӣ дар ҶТ барои давраи то соли 2040;
Барномаи миёнамӯҳлати рушди шуғли истеҳсолӣ дар ҶТ барои солҳои 2023-2027;
Барномаи меҳнати шоиста дар ҶТ барои солҳои 2020-2024;
Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027.
Чорабинӣ бо таклифу пешниҳод ва мубодилаи афкор байни ширкаткунандагон ба анҷом расида, рӯзноманигорон ба суолҳои хеш посух дарёфт карданд, ки зимни таҳияи матолиби хеш истифода менамоянд.