Дар бораи аз вазифаи судяи суди ноҳияи Сангвор
озод намудани Иброҳимзода А.И.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иброҳимзода Абдушукур Иброҳимҷон бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди ноҳияи Сангвор озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 ноябри соли 2024
№880