Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодии SPECA-2024 (Барномаи махсуси иқтисодии СММ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон) бахшида ба мавзӯи «Рушди сабз дар минтақаи SPECA» оғоз гардид. Дар форуми мазкур намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок доранд. Нахуст, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода баромад намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар масъалаи расидан ба иқтисоди сабз тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. «Ҷиҳати коҳиш додани партоби газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера то соли 2025 дар шаҳри Душанбе тамоми воситаҳои нақлиёти мусофиркаш аз ҳисоби нақлиёт барқӣ ба роҳ монда мешавад. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки дар партоби газҳои зарарнок ба атмосфера Тоҷикистон саҳми ночиз дорад»- зикр намуд, Аҳлиддин Нуриддинзода. Муовини дабири кули СММ, Армида Алисҷаҳбана дар баромади хеш зикр дошт, ки имрӯз гузариш ба иқтисоди сабз ва афзоиш додани манбаъҳои барқароршаванда дар самти мубориза ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани офатҳои табиӣ мусоидат мекунад. Ба зикри Армида Алисҷаҳбана имрӯз бӯҳрони глобалии иқлим сайёраро фро гирифтааст, ки дар ин миён Осиёии марказӣ низ дар канор нест. «Мо мушоҳида мекунем, ки давоми чанд соли охир офатҳои табиӣ аз ҷумла обхезӣ, лағзиши замин, хушксолӣ, гармии ғайримуқарарии ҳаво, чангу ғубор кишварҳои Осиёи Марказиро фаро гирифтааст. Ин мушкилот, моро водор месозад, ки ҷиҳати гузариш ба иқтисоди сабз таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кунем.
Бояд гуфт, ки Форум як платформаи муҳим барои табодули афкор ва муҳокимаи стратегияҳо барои ташкили иқтисоди “сабз” дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон хоҳад буд.
Форуми мазкур аз 8 бахши алоҳида иборат буда, иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои марбут ба обу иқлим ва иқтисоди сабз баромад мекунанд.
Баҳруллои М.