Рӯзи 9 декабр Сироҷиддин Муҳриддин ва Гордан Грлич Радман, вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Хорватия дидору гуфтугӯ карданд. Дар ин мулоқот тарафҳо масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаро дар арсаҳои мухталиф, бахусус дар заминаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва дар чорчӯби созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Иттиҳодияи Урупо баррасӣ карданд.
Ҳамчунин дар чорчуби дидори ҳайатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хорватия форуми сармоягузории муштараки ду кишвар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.