Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 140 давлати ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Ин маълумот дар Раддабандии солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажуҳишгоҳи амрикоии Созмони Геллап «Gallup2024» оварда шудааст.
Зимни таҳқиқот 146 000 нафар пурсида шуданд. Аз рӯи натиҷаи назарпурсие, ки муаллифони раддабандӣ гузаронидаанд, тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос наменамоянд ва ба мақомоти ҳифзи тартибот бовар доранд.