Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ба муносибати ба муҳлати чор соли дигар интихоб шудан ба мақоми президенти ФФТ номаи шодбошӣ ирсол намуд.
«Президенти мӯҳтарам, саломи гарм ва табрикоти самимии маро ба муносибати бори дигар интихоб шуданатон ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон қабул намоед.
Миннатдор хоҳам буд, агар табрикоти маро ба ноибони президент ва аъзои Кумитаи иҷроия, ки дар қатори шумо интихоб шуданд, мерасонидед. Аз фурсат истифода бурда, ба шумо барои тамоми кӯшишу корҳо ва саҳми арзандаатон дар рушди варзиши мо, инчунин тарғиби арзишҳои он дар Тоҷикистон ташаккур мегӯям.
Ба шумо ва дастаатон дар кору фаъолият комёбиҳои навро таманно намуда, умедворам, ки муҳтарам президент, ҳамкориро бо шумо барои рушду инкишофи футболи Тоҷикистон дар солҳои минбаъда идома медиҳем», – омадааст дар номаи расмии президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ба унвони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ.