Имрӯз, 18 декабр дар шаҳри Душанбе Озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар» ҷамъбаст мегарданд. Озмунҳои мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» аз моҳи ноябр то нимаи аввали моҳи декабр дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардиданд.