
Соли гузашта Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои шикори 115 гӯсфанди Марко Поло, 16 бузи кӯҳии Морхӯр ва 16 гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ё Уриал иҷозатнома додааст.
Дар ин бора Баҳодур Шерализода, раиси ин ниҳод имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, арзиши шикори як сар Марко Поло 55 ҳазор сомонӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ 34 ҳазору 57 сомонӣ ва бузи кӯҳии Морхӯр 408 ҳазору 678 сомонӣ муқаррар шудааст.