
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки ҳадафи аслии таъсиси Фонди роҳ дароз кардани муҳлати истифодаи роҳҳои мошингард дар кишвар мебошад. Ҳамчунин таъсиси Фонди роҳ яке аз шартҳои Бонки осиёии рушд дар доираи пешниҳоди грант барои сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун — Обигарм — Нуробод мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмон ва таъмиру навсозии роҳҳои ҷумҳурӣ маблағи зиёд — ҳудуди 30 млрд сомонӣ равона шудааст.
“Аммо маблағҳое, ки барои дар ҳолати хубу коршоям нигоҳ доштани роҳҳо ҷудо мешаванд, кофӣ нестанд”, — иброз дошт вазир.
Ёдрас мекунем, ки қарор дар бораи таъсиси Фонди роҳ аз ҷониби ҳукумат 26 декабри соли гузашта қабул карда шуд.
Мувофиқи ин санад, Вазорати нақлиёт вазифадор шудааст, ки якҷоя бо вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар муҳлати то се моҳ бо тартиби муқарраргардида ба ҳукумат оид ба ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии Фонди роҳ пешниҳодҳо манзур намояд.