Имрӯз, 21 — уми апрел дар Кохи Олимпии шаҳри Душанбе бори аввал Чемпионати Осиёи Ғарбӣ байни кӯдакон ва наврасон оид ба шоҳмот баргузор мешавад. Ин чорабинии муҳими варзишӣ, ки беҳтарин шоҳмотбозони ҷавонро аз минтақа ҷамъ овардааст дар он зиёда аз 400 нафар аз 13 кишвар — аз ҷумла Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва кишварҳои дигар иштирок доранд. Онҳо барои гирифтани ҷоизаҳо ва нишон додани маҳорати худ рақобат мекунанд.Чемпионатро FIDE, Федератсияи шоҳмоти Осиё ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон баргузор менамоянд. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур то 29 — уми апрел идома меёбад.
Дилнозаи Абдумалик
радиои «Овози тоҷик»