
3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот дар ин мавзеъ соли 2024 оғоз ёфта, тибқи нақша моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом расонда мешавад.
То ин вақт 80 фоизи корҳо, аз ҷумла бунёди бинои асосӣ ва хобондани конструксияҳои оҳанӣ дар қисми болои иншоот ба итмом расидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо нахуст аз толори асосии бино, ки тибқи лоиҳа бо шаклу унсурҳои миллӣ оро меёбад, дидан намуданд.
Тибқи маълумот, чойхона сеошёна буда, аз толорҳои кушоду барҳавои гаҷкорӣ, кандакорӣ, айвони болокушодаи замонавӣ ва 5 толори дигари қабули меҳмонони хос иборат мебошад.
Ҳоло бо ҷалби устоҳои кордону чирадасти ватанӣ корҳои гаҷкорӣ дар толори якум оғоз шудааст ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат бояд ба анҷом расад.
Дар дигар қисми иншоот наздики 300 коргар, ки аксари онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, машғули корҳои гуногуни сохтмонӣ ҳастанд.
Пас аз мавриди истифода қарор додани иншоот дар чойхона зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мегарданд.
Дар маҷмуъ мувофиқи тарҳ намои беруна, сақф ва девору толорҳои иншооти нави фарҳангиву хизматрасонӣ бо санъати баланди меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, оянда дар ин ҷо барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.