23 ноябри соли 2026 Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия, бо Датук Чанг Ли Канг, вазири илм, технология ва инноватсияи Малайзия мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои илм, таҳқиқот, технология ва инноватсия, барқарор намудани робитаҳои институтсионалӣ ва табодули донишу таҷриба миёни муассисаҳо, донишгоҳҳо ва бахши хусусии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.



