24 ноябри соли 2026 дар шаҳри Ҳааг дар ҳошияи нишасти 31-уми Конфронси кишварҳои тарафҳои Конвенсия оид ба манъи силоҳи кимиёвӣ (CSP-31) мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Нигина Ализода бо Директори генералии Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ Сабрина Даллафиор баргузор гардид.
Аснои суҳбатро ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СМСК, ҳамзамон татбиқи муқаррароти Конвенсия оид ба манъи силоҳи кимиёвӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаро гирифт.
Мусоҳибон ҳавасмандии мутақобиларо перомуни таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои созанда ба вежа густариши барномаҳои миллӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи таъмини амнияти кимиёвӣ миёни мутахассисони соҳа ифода намуданд.



