25 ноябри соли 2026 дар Ҷидда сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Исмоил валад Шайх Аҳмад вохӯрӣ анҷом дод.
Дар оғози дидор ба Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ паёми хаттии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ бо СҲИ супорида шуд.
Дар ҷарёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломиро баррасӣ карда, перомуни мавзуъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.
Дар ин замина Дабири кулли СҲИ ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самтҳои обу иқлим, сулҳу амният ва зеҳни сунъии бехатар баланд арзёбӣ карда, омодагии созмонро барои ҳамкории созанда бо ҷониби тоҷикистонӣ дар пешбурди ташаббусҳои мазкур таъкид намуд.



