
Зайнаб ба беш аз 400 китоб умри дубора бахшид. Акнун китобҳои барқароршуда дубора дар рафҳои китобхона ҷой пайдо менамоянд ва хонандагони наврас метавонанд аз онҳо истифода намоянд.
Зайнаб бо ҳамроҳонаш китобҳои кӯҳнаву даридаи китобхонаҳои мактабҳои №16, 18 ва 77-и Рӯдакиро барқарор карданд. Зеро, китобхонаҳои мактабу маҳал дар ҳаёти фарҳангӣ ва маънавии насли наврас нақши муҳим мебозанд. Онҳо ба ин насл имконият медиҳанд, ки ба дониш, фарҳанг ва таҷрибаи наслҳои гузашта дастрасӣ пайдо кунанд.


Аммо вазъи имрӯзаи китобхонаҳо дар бисёре аз мактабу маҳалҳо нигаронкунанда аст. Зайнаб яке аз иштирокчиёни фаъоли лоиҳаи «Таҳкими тафаккури интиқодӣ ва устувории ҷавонон» аст, ки аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати корҳои хориҷии Канада дастгирӣ меёбад. Зайнаб дар лагери омӯзишии зимистонаи «Тафаккури интиқодӣ ва банақшагирии ташаббусҳо» бо лоиҳаи ҷолиби худ ҳамагонро ба ҳайрат овард. Лоиҳаи ӯ ба эҳё ва барқарорсозии китобҳои куҳнаву фарсудае нигаронида шуда буд, ки дигар чоп намешаванд ва дар сурати аз байн рафтани онҳо, пайдо кардани нусхаи дигар ғайриимкон мегардад. Китоб ба ақидаҳои бегона муқобилият нишон доданро меомӯзонад: китобҳои таърихӣ, фалсафӣ ва адабӣ ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки ҷаҳонро аз нуқтаи назарҳои гуногун бубинанд ва ба ақидаҳои бегона интиқодӣ муносибат кунанд.
Барқарорсозӣ ва таҷдиди китобҳои куҳна як роҳи муҳими ҳифзи онҳост. Бо барқарорсозии китобҳо мо метавонем насли бомаърифат, худогоҳ ва ватандӯстро тарбия кунем, ки қодир аст дар рушди ҷомеаи демократӣ саҳм гузорад ва ба ҳар гуна таҳдидҳо муқобилият нишон диҳад.
jom.tj