
Ҳамчунин, дар ин маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистон, ки дар деҳаҳои Зосун, Хайробод, Ваҳдатобод, Каздон, Анзоб ва Фондарё ҷойгиранд, оғозӣ расмӣ бахшиданд.
Корхонаи муштараки маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АРБ Минералс ГРУПП”, аз ҷумлаи онҳо буда, самти фаъолияташ ба коркади пурраи сурма бо истифодаи технологияи сабз ва масрафи ками неруи барқ равона шудааст.
Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона бо сармоягузории муштараки ватанию хориҷӣ бо назардошти ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти саноатикунонии босуръати кишвар рӯи даст гирифта шуда, дар марҳилаи аввал 35 нафар бо кор ва маоши баланд таъмин мегарданд.
Иқтидори коркарди сурма дар як шабонарӯз дар марҳилаи аввал истеҳсоли 10 тонна маҳсулоти ниҳоии сурмаро ташкил дода, дар марҳилаи дуюм истеҳсоли 100 тонна дар як рӯз маҳсулоти ниҳоии сурма пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар оянда маъданҳои қимматбаҳо ба мисоли тилло, симоб ва амсоли ин коркард хоҳад шуд.
Тамоми техникаю технологияҳои насбшуда, истеҳсоли насли нав буда, аз лиҳози сарфаи неруи барқ каммасраф мебошанд ва иқтидори истеҳсолии зиёд доранд. Маҳсулот триоксиди 63 % ва сурмаи металлии 99,65 % стандарти байналмилалӣ бо иловаи барқароркунии металҳои ҳамроҳ аз қабили тилло ва симоб ба роҳ монда шудааст.
Илова бар ин, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “АРБ Минералс ГРУПП”, ба коркарди маъдан дар 3 зина, яъне ғанисозии ибтидоӣ, табдил ба триоксиди сурма, гудозиш ва истеҳсоли сурмаи соф фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни фаъолияти корхона ба ҳиммати ҷавонмардонаи ташаббускорон баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти саноатиро дастоварди навбатӣ дар ин самт арзёбӣ намуданд.
Ташаббускорон дар навбатӣ худ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкорон изҳори миннатдорӣ намуда, дар оянда барои саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфоии Ватан изҳорӣ омодагӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти ду корхонаи дигари саноатӣ — ҶСК Ангишти Тахт ва марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” оғоз бахшиданд.
Корхонаи ҶСП Ангишти Тахт, ки дар деҳоти Фондарё мавҷуд аст, бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, самти фаъолияти он коркарди ангишт ба шумор меравад.
Ташкили корхонаи мазкур бо мақсади истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, иқтидори истихроҷи ангишт 90 ҳазор тонна дар як сол пешбинӣ гардидааст ва корҳои омӯзишию геологӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ сомон дода мешавад.
Дар корхонаи мазкур озмоишгоҳи замонавӣ бо насби таҷҳизоти насли нав мавҷуд буда, баҳри муайян намудани сифати ангишт, намнокӣ, гармидиҳӣ, хокистарнокӣ ва сулфури ангишт пешбинӣ гардидааст, ки аз бартариятҳои кони ангиши ҶСК Ангишти Тахт дониста мешавад.
Ҳамчунин, дар озмоишгоҳи корхона ҳар як маҳсулоти ба фуруш гузошташуда, аз ташхис гузаронида мешавад. Бояд таззакур дод, ки барои истихроҷи ангишт 70 техника ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ ҷалб ва дар маҷмуъ 250 нафар дар ин ҷо бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, ба ташаббускорон барои ҳамоҳангӣ ва дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.
Самти фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ мебошад. Корҳои бунёдӣ барои марҳилаи дуюми корхона соли 2024 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд ба истифода дода шуд.
Масоҳати корхона 6 ҳазору 500 метри мураббаъ буда, иқтидори истеҳсолу коркарди консентрати тилло 4 ҳазору 500 тоннаро дар як шабонарӯз дар бар мегирад. Дар коргоҳ ҳуҷраи махсуси назоратӣ мавҷуд буда, аксарияти корҳои истеҳсолӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло баъди ба истифода қарор додани коргоҳи мазкур 300 нафар бо кор таъмин шуда, ҳамагӣ пеш аз оғози кор аз курсҳои бозомӯзӣ бо ҷалби мутахассиони ҳирфаии геологӣ гузаронида мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи чунин корхонаи бузургро дар самти дастёбӣ ба ҳадафҳои Ҳукумати кишвар доир ба саноатикунонӣ неку муассир арзёбӣ карданд.
Гуфта шуд, ки дар корхона аксаран мутахассисони маҳаллӣ фаъолият менамоянд. Аксари корҳои сомонёфта дар корхонаи мазкур, аз ҷумла истихроҷи маъдан ва дастрасии ашёи хом, ки дар релйефҳои номусоид амалӣ мешаванд, аз ҷониби мутахассисону геологҳои ватанӣ анҷом дода мешаванд, ки яке аз дастовардҳои ин коргоҳ ба шумор меравад.
Тибқи иттилоъ, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нав дар маҷмуъ 595 кас бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, сифати маҳсулот ва ҷалби мутахассисони ватанӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ, ҳамчунин, 6 муассисаи томактабӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро ифтитоҳ намуданд.
Беморхонаи минтақавии №6, ки дар ҳудуди деҳоти Фондарё ба истифода дода шуд, аз 2 ошёна иборат буда, бо маблағи 8 миллион сомонӣ бо саҳми як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст.
Муассисаи тиббӣ дорои 29 ҳуҷра барои нигоҳдории беморон ва 5 ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино ҳуҷраи қабул, муолиҷа, таваллуд, ҷароҳӣ, бастабандӣ ва доругузаронӣ, инчунин ҳуҷраи бемориҳои кӯдакона ва ҳамшираи шавқат мавҷуд мебошад. Беморхона ба сокинони деҳаҳои Ҳайронбед, Махшевад, Тӯда, Диҷик, Сатоқ, мавзеи Искандаркул ва корхонаҳои дар ин макон қарордошта хизмат мерасонад. Ҳамзамон бо ин 14 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Муассисаи таҳсилоти томактабии Парастуи деҳаи Зосун бо фарогирии 80 кӯдак дар доираи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва дастгирии соҳибкорони деҳа бо назардошти 3520 нафар аҳолии деҳа бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо рахти хоб, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардид.
Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 8-и деҳаи Каздони ҷамоати Шамтучи ноҳия, ки Дурахшон номгузорӣ шудааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағгузории аҳолии деҳа дар заминаи азнавсозии бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Муассиса аз 8 ҳуҷра, толор ва ошхона иборат буда, бо шароити мусоид таъмин мебошад ва тибқи лоиҳа барои 80 нафар пешбинӣ шудааст. Ороиши бино ва саҳну майдони бозӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, рахти хоб, мизу курсӣ ва аёнияту ашёи фароғату таълим мувофиқ ба завқи кӯдакону наврасон фароҳам оварда шудааст. Иншоот бо тарҳи зебо ва замонавӣ қомат афрохта, атрофаш бо гулу дарахтон оро дода шудааст, ки ба ҳусни деҳаи Каздон зебоии дигар зам мекунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Каздон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 мавриди истифода қарор дода шуда буд. Муассисаи дуошёна барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки дар ин деҳа қаблан барои таълиму тарбияи хонандагон шароиту имконоти мусоид фароҳам набуд.
Таъмиру навсозии роҳу кӯчаҳои деҳ, пул, бетонпӯш кардани ҷӯйбору обравҳо, чароғонсозии маҳал аз корҳои дастҷамъонаест, ки бо саҳмгузорию иштироки ҳамаи сокинони деҳа анҷом дода шудааст.
Дар деҳаи Анзоб кӯдакистони наву замонавии Ориёно бо фарогирии 80 кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки дар деҳаи мазкур 1829 нафар зиндагӣ менамоянд. Муассисаи мазкур дуошёна буда, бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин шудааст, ки дар баланд бардоштани ҳисси ватандустии наврасон заминагузор хоҳад буд.
Ҳамчунин ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳо туҳфаҳои Пешвои миллат аз ҷониби намояндагони Ҳукумати кишвар тақдим карда шуд.
Дар ин рӯз, ҳамзамон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 дар деҳаи Хайробод бо фарогирии 138 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои муассиса бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ бунёд гардидааст. Мактаб дорои 8 синфхона ва 3 ҳуҷраи корӣ мебошад.
Сокинони ноҳияи Айнӣ бо назардошти шароити фароҳамшуда ва таъмини ҷойҳои корӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.