Байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Ҷумҳурии Туркия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи палата хабар медиҳад, аз 8 то 15 ноябр намояндагони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории байналмилалии мақомоти олии аудити ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ ва табодули таҷрибаи корӣ дар шаҳри Анкараи Туркия қарор доштанд.
Ҳадаф аз ин сафар омӯхтани таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, барои кормандони Палатаи ҳисоб дар Додгоҳи ҳисоб машварати омӯзишӣ доир гардид.
Бояд гуфт, ки мақомоти олии аудити ҷумҳурӣ бо мақсади густариши робитаҳои байналмилалӣ бо ниҳодҳои олии аудити давлатии мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкории бисёрҷониба ба роҳ мондааст.
АМИТ «Ховар»
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон




