Санаи 14 ноябри соли равон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ба ноҳияи Шуғнон сафар намуданд. Зимни сафари кории Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Шуғнон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташавандаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва марказҳои хизматрасонӣ шинос шуданд. Дар ҷараёни сафар роҳбари вилоятро муовини раиси вилоят, раиси ноҳияи Шуғнон ва дигар масъулони соҳа ҳамроҳӣ намуданд. Ба сифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлатҳои пешбинишуда ва сатҳи иҷрои корҳои анҷомёфта таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Нахуст, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъа аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави ҷамоат боздид ба амал оварданд.
Бинои мазкур бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардида, иҷрои корҳои сохтмониро ҶДММ «Минис 97» ба уҳда дорад. Фармоишгари корҳои сохтмонӣ Шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ мебошад.
Зимни боздид ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 85 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, тибқи нақша иншооти мазкур дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди истифода қарор дода мешавад. Бино аз 5 утоқи корӣ ва толори маҷлис иборат аст.
Роҳбарияти вилоят ба масъулон ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ва бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ба масъалаи бунёд ва ба роҳ мондани шабакаи гармидиҳии бино таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, то иншоот дар фасли зимистон бо шароити мусоиди корӣ таъмин бошад.
Ҳамзамон, дар деҳаи мазкур Раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз рафти корҳои сохтмонии Маркази саломатӣ боздид ба амал оварданд.
Маркази саломатии мазкур барои 50 хоҷагӣ пешбинӣ гардида, бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ бунёд карда мешавад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи бунёди таҳкурсии бино қарор дошта, иҷрои онҳо ба зиммаи ҶДММ «Мадад» вогузор гардидааст. Тибқи нақша, иншооти мазкур бояд то таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шавад.
Зимни боздид ба масъулони соҳа дастур дода шуд, ки корҳои сохтмониро бо риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ, сатҳу сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонанд.
Ҳамзамон, Раиси ВМКБ бо табибону ҳамшираҳои шафқат суҳбати озоду самимӣ доир намуда, қайд карданд, ки дар заминаи дастгириву таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ диққати аввалиндараҷа дода шуда, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Роҳбари вилоят инчунин бо шароити беморхонаи ҷамоати деҳот шинос шуда, бо беморон вобаста ба вазъи саломатӣ ва шароити фароҳамгардида суҳбат намуданд. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки беморхона дорои 20 кати хоб буда, ба сокинони маҳаллӣ хизматрасонии тиббӣ мерасонад. Зимни боздид ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳа дастур дода шуд, ки беморхонаро таъмир намуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кунанд.



