Имрӯз, 16-уми ноябри соли 2026 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо намояндагони Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ва Бозори байналмилалии ҳунарҳои мардумии Санта-Фе баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои мардумиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун таҷассумгари ҳувияти миллӣ, таърихи пурғановати халқ ва мероси гаронбаҳои фарҳангӣ дар муаррифии симои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим доранд. Дар ин замина, рушди ҳамкориҳо бо созмонҳо ва марказҳои бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои ҳунармандони тоҷик имкониятҳои васеи эҷодӣ ва касбӣ фароҳам оварад.
Ҳамчунин, масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ, муаррифии маҳсулоти ҳунарҳои анъанавии миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба арзишҳои фарҳангии тоҷикон баррасӣ шуд.



