Дар ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳаи соли 2025, ки дар ширкати «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баргузор гардид, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа фаъолияти шабакаҳоро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.
Бино ба иттилои Вазорати энергетика, дар нишаст ҳисоботи роҳбарони бахшҳои таъминот ва назорати барқ пешниҳод шуда, масъалаҳои талафоти неруи барқ, назорати истеъмол, ҷамъоварии маблағ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири энергетика дастур додааст, ки камбудиҳои ҷойдошта фавран бартараф шаванд, исрофкорӣ коҳиш ёбад ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад.



