
9-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд.
Иншооти навбунёд аз як бинои асосӣ ва се бинои ёрирасони 3 ошёна иборат буда, бо дарназардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд ёфтааст.