
Русия ҳеҷ иртиботе ба ҳодисаи ҳавопаймои раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен надорад. Дар ин бора намояндаи расмии Кремл Дмитрий Песков дар сӯҳбат бо рӯзномаи бритониёии Financial Times изҳор дошт.
«Маълумоти шумо нодуруст аст», — гуфт Песков ба саволи рӯзнома посух дода.
1 сентябр хабар дода шуд, ки ҳавопаймо бо сардори Комиссияи Аврупо рӯзи 31 август маҷбур шуд бе системаи GPS дар фурудгоҳи Пловдиви Булғористон нишинад. Financial Times менависад, ки халабонҳо маҷбур шуданд аз харитаҳои коғазӣ истифода баранд.
Мақомоти Булғористон изҳор доштанд, ки ин метавонад натиҷаи «ҳамлаи халаландозии русӣ» бошад.
Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар сӯҳбат бо агентии Reuters тасдиқ кард, ки халал дар кори GPS вуҷуд дошт, аммо ҳавопаймо бехатар нишаст кард.
Қаблан дар Эстония Русияро дар глуш кардани дронҳои украинӣ муттаҳам карда буданд.