
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки ҳеҷ гоҳ дар ҳаёташ худро беҳтар аз ҳоло эҳсос накардааст. Дар ин бора ӯ дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт ва хабарҳои расонаҳоро дар бораи «вафоташ» шарҳ дод.
«Дар тамоми ҳаёташам ҳеҷ гоҳ худро беҳтар аз ин ҳис накардаам», — навиштааст роҳбари Амрико.
Овозаҳо дар бораи бад шудани саломатии намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳ пас аз он дар шабакаҳо паҳн шуданд, ки ӯ аз рӯзи ҷаласаи Ҳукумат 27 август то ҳол дар ҷамъият пайдо нашудааст, ҳарчанд барои рӯзҳои истироҳат барномаи серкор дошт.
31 август рӯзноманигори амрикоӣ Лора Розен аксеро аз Доналд Трамп дар майдони голфаш дар Стерлинги иёлати Вирҷиния нашр кард. Ин аввалин акси сиёсатмадор буд, пас аз он ки овозаҳо дар бораи гӯё вафоташ дар интернет паҳн шуданд.
Дар ин замина ноиби президент Ҷей Ди Вэнс омодагии худро ба ивази президент изҳор кард, агар бо сарвари давлат «фоҷиа» рух диҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ноиби президентӣ «таҷрибаи зиёде» гирифтааст.
Ба зудӣ Кохи Сафед овозаҳоро рад карда, изҳор дошт, ки президенти ИМА ягон мушкили саломатӣ надорад, дар ҳолати хуб қарор дорад ва пагоҳ субҳ боз ба голф мебарояд.