24 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Антон Алиханов баргузор гардид.
Завқизода З. А. кайд кард, ки бо шарофати сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои дуҷониба бо суръат рушд карда, ба сатҳи нави стратегӣ баромаданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси Парки саноатии муштарак дар шаҳри Душанбе, ҷалби ширкатҳои истеҳсолии Россия, таъсиси кластери саноати сабук тавассути ширкати «БТК» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки то имрӯз зиёда аз 10 ширкати бонуфузи Федератсияи Россия аз бахшҳои саноати сабук, сохтмон, коркарди чӯб, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва дигар самтҳо барои иштирок дар фаъолияти Парки саноатии муштарак дар шаҳри Душанбе изҳори ҳавасмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ворид намудани сармоя, таҷриба ва технологияи муосир баён доштаанд. Иштироки чунин ширкатҳо метавонад барои ташаккули иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба афзоиши ҳаҷми гардиши савдо, такмили низоми ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятнок ва тавсеаи ҳамкории саноатиро мавриди муҳокима қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар 8 моҳи соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 14% афзоиш ёфт. Бо хушнудӣ қайд карда шуд, ки ҷонибҳо «Харитаи роҳ» оид ба зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ таҳия ва мувофиқа намуданд, ки барои боз ҳам зиёд намудани савдои дуҷониба ва сармоягузориҳо мусоидат менамояд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ҷониби Россия омодагии худро ҷиҳати татбиқи амалии лоиҳаҳои саноатӣ, густариши равобити иқтисодӣ ва дастгирии иқдомҳои муштараки Тоҷикистону Россия таъкид кард.



