Шоми 8 октябри соли 2025, дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Шоми дӯстӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ширкат варзиданд.
Барномаи Шоми дӯстӣ рангоранги ҳунариро дар бар гирифт, ки дар он маҳсулоти ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.



