Рӯзи 9 октябр дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Русия нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз ёфт.
Президенти Федератсияи Русия дар оғози суҳбат гуфт, ки ду ҷониб тамоми тавофуқот ва ҳадафҳои бунёдии худро, ки дар Шартномаи дӯстии соли 1993 муайян шудаанд, амалӣ месозанд. Владимир Путин афзуд, ки равобити ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо хеле мусбат тавсеа меёбанд.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ бо суръати хуб рушд карда, соли гузашта муомилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 7 дарсад зиёд шуда, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ бошад 17 дарсад афзудааст, ки ин тамоюли хуб аст.



