14 ноябри соли 2025 бо иштироки Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло муаррифии таъиноти кадрӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.
Қайд бояд кард, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъин карда шуд.
Ҳамзамон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2025, №1087 Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.



