Имрӯз, 25 ноябр дар меҳмонхонаи «Краун Плаза» дар шаҳри Душанбе чорабинии хотимавӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, Форуми «Занон, сулҳ ва амният» баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарханг ва ҳамоҳангӣ бо шарикони рушд роҳандозӣ гардид. Дар ин чорабинӣ аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, намояндагони парлумонҳо, сохторҳои қудратӣ, занони фаъол дар соҳаи амният, сулҳофарӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар доираи рӯзномаи «Занон, сулҳ ва амният», баланд бардоштани сатҳи огохӣ дар бораи нақши занон дар масъалаҳои сулҳ ва амният мебошад.



