Санаи 24 ноябри соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Роҳбари Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ хонум Ҳелен Кларк баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи муколамаи созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии самаранакро ҳамчун омили ҷалби сармоягузории устувор ва рушди фарогири иҷтимоию иқтисодӣ таъкид карданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҳисоботдиҳӣ оид ба пардохтҳо ва даромадҳо дар соҳаҳои истихроҷ, таҳкими низоми ҷамъоварӣ, боло бурдани нақши ниҳодҳои давлативу бахши хусусӣ дар ҳифзи шаффофият, инчунин баргузории раванди машварат бо ҷонибҳои манфиатдорро баррасӣ намуданд.
Дар анҷом, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.



