Ҳамасола дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор мегардад. Ташкилкунандагон имсол низ ин анъанаи некро идома дода, рӯзҳои 2, 3, 4 ноябр дар Кохи Борбад Намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватаниро баргузор менамоянд. Дар ин бора радиои”Овози тоҷик” дар истинод ба кумитаи тадорукоти намоиши мазкур хабар медиҳад.
Давоми 3 рӯз зиёда аз 30 корхона ва ширкатҳои машҳури кишварамон аз қабили “Сиёма”, “Артел”, “СоСа-Соlа, “Покиза”, “Файзи Расул”, “Доро”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Қолин-Сервис”, “Беҳамто”, “Баракат”, “София”, “Слобода”, Шабакаи нуктаҳои фурӯши сӯзишвории “Гапзпромнефть”, “GMP”, “АКФА”, Рамис”, “Химус”, “Тавҳидбонк”, “Душанбе-Сити+банк” молу маҳсулот ва хизматрасониҳои мухталифи хешро бо нархи яклухт ба муштариён пешкаш месозанд.
Мавриди зикр аст, ки Маросими расмии кушодашавии Намоиш-фурӯши маҳсулоти иштирокчиёни Лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, сарпарастону иштирокчиёни лоиҳа ва дигар шахсони расмӣ санаи 2 ноябр, соати 09:00 дар Кохи Борбад баргузор мегардад.
Лоиҳа рӯзи 3 ноябр ҷамъбаст гашта, ғолибон бо ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” сарфароз гардонида мешаванд.