Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, чаҳор навоҳии пойтахт низ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Дар ин самт масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ иҷрои нақшаи даъватро пеш аз муҳлат амалӣ намуданд.
Ҳамзамон, масъулини вобастагардидаи даъват дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ саривақт ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расониданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар доираи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамкориро бо мардум зич ташкилу ба роҳ мондаанд, дар чунин минтақаҳо сатҳу сифати чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хуб ба назар мерасад. Аз ин рӯ, маҳз фаъолияти назарраси бисёре аз комиссияҳои даъватӣ дар ташкили корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ имкон медиҳад, ки сол ба сол шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ зиёд гардида, иҷрои нақша саривақт ва дар сатҳи баланд таъмин гардад.
Боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгириву ғамхориҳои пайваста зоҳир гардида, заминаҳои хуби моддиву таълимӣ, таъмини шароити ҳамаҷонибаи хизмативу майишӣ ва масоили беҳдошти вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ба маротиб беҳтар шудааст. Месазад, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти диёр, бо дарки масъулияти ҷавонмардӣ дар муҳити орому осоишта ва фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз, хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намояд.



