Имрӯз дар Кохи Борбад Намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба кори худ оғоз кард. Дар ин бора хабарнигори радиои”Овози тоҷик” Зулфия Сафарова хабар медиҳад.
Ҳамоиши мазкурро Шаҳноза Ҳамдамова директори Оҷонсии таблиғотии “Тайрон” Шаҳноз Ҳамдамова ифтитоҳ намуда, иштирокдорони намоишро ба ин чорабинии ватанӣ хайрамақдам гуфт.
Дар чорабинии мазкур ҳамчунин Умед Солизода муовини вазири саноати Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамоиши мазкурро намунаи барҷастаи ҷалби таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони хориҷӣ ба маҳсулоти хушсифати сохти Тоҷикистон унвон намуд.
Давоми 3 рӯз зиёда аз 30 корхона ва ширкатҳои машҳури кишварамон аз қабили “Сиёма”, “Артел”, “СоСа-Соlа, “Покиза”, “Файзи Расул”, “Доро”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Қолин-Сервис”, “Беҳамто”, “Баракат”, “София”, “Слобода”, Шабакаи нуктаҳои фурӯши сӯзишвории “Гапзпромнефть”, “GMP”, “АКФА”, Рамис”, “Химус”, “Тавҳидбонк”, “Душанбе-Сити+банк” молу маҳсулот ва хизматрасониҳои мухталифи хешро бо нархи яклухт ба муштариён пешкаш месозанд.
Лоиҳа рӯзи 3 ноябр ҷамъбаст гашта, ғолибон бо ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” сарфароз гардонида мешаванд.